Дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акалемик Муҳаммад Осимӣ бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Мулоқоти ду насл» маҳфили идона баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар маҳфил муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров, раиси Фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Махфират Хидирова, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МН МО ҶТ Марҳабо Ҷабборова, узви ММ МО Олӣ Заррина Раҷабова, мудири шӯъбаи кор бо занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Фирӯза Шарифова, аъзои Раёсати КИМ ҲХДТ Садафмоҳ Абдуллоева, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Умринисо Казакова, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Анвар Абдурасулов ва зиёда аз 300 нафар ҷавондухтарони фаъол ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар назди ҳозирин муовини аввали раиси ҲХДТ С.Сафаров қайд кард, ки ҳадаф аз ташкил намудани чорабинӣ фароҳам овардани имконият барои мулоқоти озод миёни насли ҷавон ва насле, ки дар самти интихобкардаи худ меваффақ гаштаанд, зеро ҳаёту фаъолияти занҳои барӯманд метавонад дар ҳаёти минбаъдаи чавондухтарон ҳамчун намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш саҳм гирад.

Ҳамзамон, вобаста ба барномаҳои мушаххаси ҲХДТ дар самти кор бо занон зикр намуд, ки имрӯз занон яке аз нерӯи боэътимоди ҲХДТ мебошанд, зеро шумораи онҳо дар сафҳои ҲХДТ наздик 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 40 дарсади аъзои умимии ҲХДТ баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, вакилони парлумон аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварданд, ки дар кори амалисозии қонунҳои кишвар, ки ба дифоъ аз ҳуқуқи занон ва тарбияи кӯдакон нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат варзанд.