Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии раиси Ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ нисбат ба қарори суди ноҳияи Синои пойтахтро қонеъ накард.

Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Сино қарор карда буд, ки сиёсатмадор бояд расман тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдорӣ узр пурсида, даъвои муқобили даъвои ҳимоятгари Муҳидин Кабирӣ нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомонӣ рад карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ хабар дод, суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсиониро пеш аз муҳлат баррасӣ намуда, қарори суди ноҳияи Синоро бетағйир боқӣ гузошт. Суд мебоист 23-юми апрел, яъне баъди як ҳафта баргузор мегардид.

«Алҳол мо гуфта наметавонем, ки суд бо кадом мақсад чунин тасмим гириф, зеро ба мо танҳо хулосаро қироат намуданд. Пас аз дастрас кардани қарори суд, мо ба раёсати суди шаҳри Душанбе шикоят бурданием», - зикр кард Б.Ёров.

Нимаи моҳи ноябри соли гузашта мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард. Суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис шудааст.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ёдшуда Муҳиддин Кабирӣ аз сатҳи пасти фарҳанги экологӣ сухан гуфта, илова намуд, ки дар пойтахт касе ба буридани дарахтону буттаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва ин кор хусусияти доимиро ба худ касб намудааст. «Дар Душанбе ба ивази гулгашту хиёбонҳо биноҳои оҳану бетонӣ қомат меафрозанд, ки ба низоми экологии шаҳр мушкилот эҷод месозанд», - гуфта буд раиси ҲНИТ.