Имрӯз зимни ифтитоҳи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки масъалаи маъракаи зиддитоҷикии ахиран аз ҷониби ВАО ва сиёсатмадорони ҷудогонаи Русия роҳандозишуда баррасӣ гардад.

«Изҳороти раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) дар барномаи телевизонии «Поединок»-и шабакаи «Россия» дар бораи Тоҷикистон ва сарвари он ба ҳеҷ як чорчӯбаи сиёсат нағунҷида, лоиқи шахси тарбиятдида нест», - гуфт Зуҳуров.

Пшниҳоди Ш.Зуҳуровро вакилон якдилона дастгирӣ намуданд. Интизорӣ меравад, ки то нимаи имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба унвони Думаи давлатии Русия изҳороти расмӣ қабул мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба изҳороти Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия ва Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири ин кишвар сафири Русия дар ҶТ Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ ёддошти ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон супурда шуд.

Муовини аввали роҳбари фраксияи Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) дар Думаи давлатӣ Владимир Овсянников дар робита ба аз ҷониби ВКХ Тоҷикистон ба сафири Русия дар ҶТ супурдани ёддошт изҳор намуд, ки раиси ЛДПР Владимир Жириновский бо суханони худ на мақомоти раҳбарӣ ва на сокинони Тоҷикистонро ранҷонданӣ набуд.