Дар шаҳри Бишкек ҳамоиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ширкат варзиданд.

Зимни натиҷагирӣ аз ҳамоиш дабири кулли СААД Николай Бордюжа изҳор намуд, ки  дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои эътилофи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Афғонистон дар соли 2014, сарони кишварҳои узви созмон оид ба таҳкими таркибҳои низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

«Дар ҳамоиш сарони кишварҳо чораҳои ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои имконпазири ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон пас аз соли 2014-ро баррасӣ намуда, оид ба тақвияти таркибҳои низомӣ дар марз, баргузории чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати мусоидат ба ҳукуматдорони афғон дар таъмини устувориву амнияти кишвар қарорҳои мушаххас қабул карданд», - гуфтааст Н.Бордюжа ба журналистон пас аз анҷоми ҳамоиш.

Ба гуфтаи ӯ, сарони кишварҳо инчунин имкони таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, таъмини шароити мусоид дар он, таъмини нерӯҳои дастаҷамъии зудамал бо аслиҳаи муосир ва ҳамкории хадамоти махсус дар мубориза бо ифротгароиро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дабири кулли САДД ҳамчунин иброз доштааст, ки сарони кишварҳо атрофи имконоти сохтмони роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон низ табодули назар намудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар нишасти ғайрирасмӣ масоили вобаста ба рушди ҳамгироӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба мувофиқасозии тадбирҳои муштарак вобаста ба дурнамои авзои Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар дар соли 2014 зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, сарони давлатҳо омодагии худро ба мусоидат ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии манотиқи зери  масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон таъкид доштанд.