Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фардо, 5-уми июл бо як сафари корӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ боздид мекунад.

Бино ба итиллои маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон, президенти кишвар тайи се рӯз бо вазъи шаҳру навоҳии мазкур шинос шуда, бо мардуми маҳаллӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҳамчунин иштироки роҳбари давлат дар ифтитоҳи наздик ба 30 иншооти гуногун, аз ҷумла, корхонаю коргоҳҳо ва мактабу муассисаҳои давлатӣ дар назар аст.

Ба ҷуз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии кушодашавии марҳилаи охири роҳи Панҷи Поён - Дӯстӣ - Қӯрғонтеппа, ки бо сармоягузории давлати Ҷопон азнавсозӣ шудааст, ширкат меварзад.

Зимни боздиди сарвари давлат дармонгоҳи замонавии бемориҳои сил, ки бо мусоидати барномаи ҲОУП ба маблағи беш аз 1,2 миллион доллари ИМА сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин дармонгоҳ барои 60 кат пешбинӣ шуда, бо таҳҷизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ, президент эҳтимол дар 4 тӯйи дастаҷамъонаи арӯсию домодӣ дар шаҳри Қӯрғонтепа ва ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ низ иштирок кунад.