Зимни нишасти хабарии имрӯза саволи яке аз журналистон дар бораи нияти номзадиаш ба ишғоли курсии президентиро прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иғвоангезӣ унвон кард. Дар ҳамин ҳол, Салимзода аз журналист дархост намуд, ки « хизматҳои президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу ватанро фаромӯш насозад».

«Бубинед, ки вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон чӣ гуна аст. Бидуни иродаи сиёсӣ, устуворӣ ва қобилияти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, айни замон дар кишвари мо ҳам вазъи монанд ба Афғонистон ҳукмфармо мегардид», - таъкид дошт Салимзода.

Бидуни шарҳи саволи журналистон оид ба сабабҳои ҳабси собиқ зертобеъаш генерал-майори адлия Эмом Ғоибов, прокурори генералӣ қайд кард, ки овозаҳои қудои ӯ будани ҳабсшуда асоси воқеӣ надоранд ва «ӯ танҳо ҳамкурсаш аст».

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи майи соли равон Агентии зиддифасод дар бораи боздошти собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ генерал-майор Эмом Ғоибов иттилоъ пахш намуд. Ҳамроҳи ӯ ҳамчунин собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар вилояти Суғд полковники адлия Одил Очилов низ ба ҳабс гирифта шуд.

Ғоибов роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати Низомхон Ҷӯраев буда, Очилов ба ҳайси муовини ӯ фаъолият дошт. Бо назардошти вазнинии ҷиноятҳои содиршуда, Ғоибов ва Очилов боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии зиддифасод дар Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.