Сафари расмии пешбинишудаи президенти Украина ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо сабабҳои номаълум сурат нагирифт.

Аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки сафари зикршудаи Янукович ба Тоҷикистон дар ин давра умуман тарҳрезӣ нагардида буд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ташрифи президенти Украина ба Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале бинобар сабаби баъзе мушкилоти ҷониби Украина сафар ба вуқӯъ напайваст. Аммо ин сарчашма мушаххасан аз мушкилоти пайдошудаи ҷониби Украина ҳарфе нагуфта, онро «мушкилоти дохилии кишвари ташрифоваранда» унвон кард.

«Овозаҳои ба таъхир афтодани сафари Янукович ба Душанбе бар асари бо дархости ҶТ дар фурудгоҳи Киев боздошт шудани собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов ва минбаъд озод кардани ӯ асоси воқеӣ надоранд», - зикр кард манбаъ аз ҳукумати кишвар.

Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бо намояндагии дипломатии Киев дар Душанбе тамос бигирад. Тӯли як ҳафта ба зангҳои телефони намояндагӣ касе посух намегӯяд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти интишоршуда дар торнамои расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина ҳанӯз 31-уми декабри соли гузашта зикр мегардад, ки 30-юми декабри соли гузашта президенти Украина Виктор Янукович бо раҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Киев мулоқот ороста, аз фаъолияти онҳо дар соли 2012 натиҷагирӣ ва дар бораи дурнамои вазифаҳои Украина дар соли 2013 дар самти сиёсати хориҷӣ маълумот додааст.

Бино ба ин иттилоъ, зимни ин мулоқот Виктор Янукович бо сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов гуфтушунид карда, масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва омодагӣ ба сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равонро баррасӣ кардааст.

Ин маълумотро ҳоли ҳозир низ аз сомонаи сафоратхонаи Тҷикистон дар Киев метавон дарёфт намуд.