Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) қарор шуд, ки ҳизб бо номзади худ дар маъракаи интихоботи президентӣ ширкат меварзад.

Яке аз фаъолони ҲАТ, ноиби президенти Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон, доктори илм, академик Толиббек Бухориев номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор нафар аъзо дошта, раҳбари ҳизб, академик, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амир Қарақулов умедвор аст, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҳизби ӯро дастгирӣ хоҳанд кард, зеро 80%-и аҳолии ҷумҳурӣ мустақиман ё ба ҳар гунаи дигаре ба бахши аграрии иқтисод муносибат доранд.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд. Узви ҳизб, раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифов аъзои палатаи болоии парлумон мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар интихоботи президентии соли 2006 раиси ҲАТ Қарақулов ҳарифи президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон буда, он замон ӯ ҳудуди 6%-и раъй ва Э.Раҳмон ҳудуди 80%-и овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварда буданд.

Ҳамин тариқ, айни замон се нафар – Толиббек Бухориев аз ҲАТ, Саидҷаъфар Исмонов аз ҲДТ ва Ойниҳол Бобоназарова аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба сифати номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуданд. Интихоботи президенти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст.