Намояндагони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дар ҳайати гурӯҳи нозирони байнулмилалии ИДМ дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, дар ҳайати гурӯҳи нозирони байнулмилалии ИДМ вакили Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис (палатаи поёнӣ)-и Ӯзбекистон Фахриддин Комилов ва узви Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Муҳммадҷон Хоҷаев сабти ном шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз дар КМИР Тоҷикистон 493 нафар нозирони байнулмилалӣ ва 80 нафар намояндагони васоити ахбори умуми хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҷараёни интихобот дар ҷумҳурии моро инъикос хоҳанд кард.