Вуруди барқияҳои табрикӣ ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии императори Ҷопон Акихито ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик рифоҳ ва пешрафт таманно мешавад.

Дар барқияи табрикотии президенти Конфедератсияи Швейтсария Уэли Маурер изҳори итминон мешавад, ки робитаҳои неки мавҷуда байни ҳар ду кишвар дар оянда низ таҳким ва густариши тоза пайдо хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Эмомалӣ Раҳмон «дар татбиқи минбаъдаи мақсаду вазифаҳои муҳим ҷиҳати таҳкиму густариши иқтисод ва суботи Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини осоиши мардум муваффақиятҳои беназир» орзу кардааст.

Дар барқияи шодбошии Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев бо қаноатмандӣ изҳор мегардад, ки «ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Русияву Тоҷикистон зина ба зина рушд намуда, лоиҳаҳои муштараке дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо муваффақият татбиқ гардида истодаанд ва ин ҳама комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Русия ва Тоҷикистон мебошад».