Шоми рӯзи 22-юми ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III - ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот доир ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба дурнамои рушди вазъият дар Афғонистон ва минтақаи атрофи он пас аз соли 2014 таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар робита ба транзити молҳои кишварҳои аъзои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Ҳукумати Тоҷикистон тибқи Созишномаи бо НАТО бастааш ба ин кор ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.

Генерал Вилям Фрейзер III бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон ва мавқеи стратегии ҷуғрофии он дар Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Амрико минбаъд низ рушди идораи сарҳадот ва таъмини моддию техникии нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои амниятӣ, қудратӣ, хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.