Дар шаҳри Лондон таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XXI. Имкониятҳо барои рушд ва пешравӣ» конфронс баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби баргузории рӯзҳои Тоҷикистон дар Британияи Кабир барпо гардида, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар ҳамкорӣ бо Маркази исмоилияи шаҳри Лондон ташкил карда шуд.

Тибқи барномаи Конфронс, дар он Сафири Тоҷикистон дар Лондон Эркин Қосимов, Сафири Британияи Кабир дар Душанбе Робин Орд-Смит, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Назриев ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва хусусӣ, мисли Бунёди Оғо Хон, Бонки Рушди Осиё, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Tethys Petroleum, ки дар Тоҷикистон тайи чанд сол фаъолият доранд, инчунин сармоягузорон, аз ҷумла Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба гидроэнергетика (IHA), баромадҳои хешро роҷеъ ба масъалаҳои муваффақиятҳо ва чолишҳои рушд дар Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф ва ғ. ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни Конфронс пешниҳод карданд.

Дар анҷоми Конфронс бо ташаббуси Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо иштироки сарояндаи ҷавони кишвар Меҳринигори Рустам барномаи фарҳангӣ барпо карда шуд.