Дар ҳошияи иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Муҳовараи ҳамкории Осиё (ACD) ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Сироҷидин Аслов дар суханронии худ изҳор дошт, ки имрӯз Муҳовараи ҳамкории Осиё аз иқтидори бузурге барои тарвиҷи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар масоили рушди устувор, коҳиши фақру бекорӣ ва тавсеаи инсонӣ бархурдор аст.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дастёбӣ ба ин аҳдоф танҳо аз тариқи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, истифода ва мудирияти манобеи табиӣ ва инчунин табодули фанновариҳо ва иттилоот имконпазир аст.