Дар назар аст, ки санаи баргузории интихоботи навбатии парлумониро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи декабр эълон мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз эълони санаи дақиқи баргузории интихобот Комиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихоботи Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба созмонҳои байнулмилалӣ ва давлатҳои ҷудогона ҷиҳати иштиок дар маъракаи интихобот ба сифати нозирони байнулмилалӣ даъватнома мефиристад.

«Ҳамзамон бо маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон интихоби вакилон ба ҳайатҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру вилоят ва ноҳияҳо низ гузаронида мешавад», - иброз дошт манбаъ.

Хотиррасон шуд, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти кишвар на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Маъракаи интихобот ба палатаи болоии парлумон баъди 25 рӯз аз санаи баргузории интихоби вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

Мутобиқи қонун, 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ ва 1 ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҳавзахои якмандатӣ 41 нафар ва аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 22 нафар вакилон ба палатаи поёнии парлумон интихоб карда мешаванд.

То имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.