Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкории байнулмилалии «Як камарбанд ва як роҳ» дар Пекин раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор намуд, ки дар доираи ин ҳамоиш ҳудуди 70 кишвар бо Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ӯ зикр кардааст, ки Чин ихтисоси 124 миллиард доллар маблағро ба ташаббуси нави тиҷоратии худ ваъда дода, ин роҳ қарор аст Африқоро бо Осиё ва Аврупо тавассути шабакаҳои бандарӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва паркҳои саноатӣ бипайвандад.

Президенти Русия  Владимир Путин аз ин ташаббус пуштибонӣ карда, гуфтааст, ки дар шароити чолишҳои имрӯзаи иқтисодӣ ин ҳамкорӣ хеле зарур буда, Русия ният дорад дар ин тарҳ пурра ширкат кунад.

Гуфта мешавад, дар миёни раҳбарони ҷумҳуриҳои дигари собиқи шӯравӣ дар ҳамоиши Пекин президентони Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон – Алмосбек Отамбоев ва Беларус – Александр Лукашенка иштирок карданд. Ҳукуматҳои ғарбии назири Бритониё, Фаронса ва Олмонро раҳбарони калони соҳаи молии ин кишварҳо намояндагӣ карданд. Аз ИМА мушовири аршади Кохи Сафед иштирок дошт.