Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаю ояндадори Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси маҷмуи санадҳои муҳими ҳуқуқии ҳамкорӣ танзим мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз сатҳи муносибатҳои сиёсию байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва нақши парлумонҳои ҳар ду давлат дар рушду тавсеаи ин муносибатҳо таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии палумонҳои ду давлат дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Ли Кетсян дидору гуфтушунид анҷом дода, ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин мубодилаи афкор карда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноати кӯҳию металлургӣ, молияву бонкдорӣ, кишоварзӣ, амният, фарҳанг, маориф ва туризмро аз самтҳои ояндадор ва манфиатовари ин муносибатҳо арзёбӣ намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, бунёди неругоҳҳои барқи обии миёна, навсозӣ ва таҷдиди роҳҳои пайвандсози ду давлат, таъсиси паркҳои саноатию технологии муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди металл ва маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Чин, таҳкими ҳамкориҳои молиявию қарзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва беҳдошти инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвари мо табодули афкор намуданд.