Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Юн Протоколро дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Чин ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технология, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки Ммзофоти Хайнан бо масоҳати 35 ҳазор метри мураббаъ ва 9 миллион нафар аҳолӣ дар қисмати ҷанубии Чин ҷойгир буда, маркази он шаҳри Хайкоу мебошад.
Сарчашмаҳои асосии иқтисодиёти музофоти Хайнан соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба шумор мераванд. Он яке аз марказҳои бузурги сайёҳии баҳрӣ дар ҷаҳон буда, бо иқлими тропикии худ беш аз 50 намуди меваҷот ва 120 намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва содирот менамояд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчи (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва шаҳи Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин(18 сентябри соли 2018) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста