Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин имрӯз, 11 июл бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар доираи сафари расмӣ сарвазири Қазоқистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳамчунин таҳти роҳбарии сарвазирони Тоҷикистону Қазоқистон Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин гуфтушунидҳои ҳайати ҳукуматҳои кишварҳо баргузор мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушунидҳо ба имзо расонидани як қатор созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagram