Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп дар робита ба кушторҳои оммавӣ дар ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла қайд мешавад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон бар асари силсилаи амалҳои хушунатомез дар ИМА боиси андуҳи бепоёни ин ҷониб гардид”.

“Дар иртибот ба ин зуҳуроти манфури зӯроварӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам», - омадааст дар барқияи Эмомадлӣ Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки зимни тирпарронӣ дар шаҳри Дейтон, штати Огайо 9 нафар ҳалок ва дастикам 27 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ин дуюмин куштори оммавӣ тайи як шабонарӯз дар ИМА буд. Рӯзи 3 август дар шаҳри Эл-Пасо (штати Техас), ки бо Мексика ҳамсарҳад аст, тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва боз 26 каси дигар осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.