Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзҳои 21-24 октябр дар доираи нахустсафараш ба Ҷопон дар маросими тоҷгузории Император Наруҳито ширкат варзида, бо ҳамтои ҷопонии худ ва ҳамватанони муқими он кишвар мулоқот кардааст.
Густариши ҳамкорӣ
Тибқи иттилооти нашркардаи торнамои Маҷлиси миллӣ, субҳи 21-уми октябр Убайдуллоев дар шаҳри Токио бо раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон (Палатаи болоӣ – Сенат) хонум Акико Санто дидору гуфтугӯ кард. Зимнан робитаҳои судманди дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ва тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ баҳри таъмини заминаи ҳуқуқии онҳо баррасӣ шуд.
Раиси Маҷлиси миллӣ иштироки сохторҳои марбутаи ҳукумати Ҷопонро дар амалисозии барномаҳои иҷтимоию инфрасохторӣ ва бозомӯзии беш аз 2250 нафар мутахассисони бахшҳои мухталиф муҳим донист. Ӯ пешниҳод кард, ки дар шаҳри Душанбе маркази ҷопонии омӯзиши мутахассисони сатҳи баланд (тренинг-центр) дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, идоракунӣ, тиҷоратӣ, технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок таъсис дода шавад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев баррасӣ ва имзои лоиҳаи созишномаи пешниҳодкардаи Ҳукумати кишварро оид ба озодсозӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузории ҷонибҳо заминаи муҳими тақвияти ҳамкориҳои судманд арзёбӣ карда, аз Ҷопон ворид намудани сармоягузориҳои бевосита ба иқтисодиёти Тоҷикистонро дархост намуд. Ӯ ҳамзамон таъсиси гурӯҳи кории муштараки ҷонибҳоро баҳри баррасӣ ва ба талаботи замон мутобиқ кардани заминаи ҳуқуқии ҷойдошта ногузир шуморид.
Дар навбати худ хонум Акико Санто гуфт, ки Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон барои ҳамкории судманд бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ омода буда, баҳри тавсеаи онҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мекунад.
Хонум Акико Санто зарфиятҳои баланди сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихии он – Саразми бостонӣ, яке аз қадимтарин Буддои хобида, боигариҳои беназири табиӣ, чашмаҳои гарм, Боғи милии Тоҷикистонро ёдовар ва омодагии кишвари худро дар чаҳорчӯби нақшаи амали Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон ҷиҳати рушди сайёҳӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардида буд, зикр намуд. Вай ҳамчунин саҳми Тоҷикистонро ба ҳайси ҳамсоякишвари Афғонистон дар таъмини сулҳу суботи минтақа назаррас шуморид.
Гуфта мешавад, раисони палатаҳои болоӣ таъсис додани гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва Сенати Парлумони Ҷопон тақозои замон шумориданд.
Маросими тоҷгузорӣ
Рӯзи 22-юми октябр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маросими тоҷгузории Императори Ҷопон Наруҳито, ки дар толори “Сейден” (толори давлатӣ) – қасри Императори Япония баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ин маросим беш аз 200 роҳбарони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ ва роҳбарони корпуси дипломатии муқими Токио, аз ҷумла, Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов ширкат варзиданд намуданд.
Дидори ҳамватанон
Нимаи дуюми рӯзи 22-юми октябр дар бинои cафорати Тоҷикистон дар Ҷопон мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо ҳамватанони муқими он кишвар доир гардид. Убайдуллоев дар бораи дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, имконоти муҳайёкардаи ҳукумати кишвар дар самтҳои гуногун оид ба дастгирии ҷавонон, хусусан, дар бахши омӯзиш дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи ҷаҳони муосир ёдовар шуд.
Ӯ нақши шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Ҷопонро дар тарғибу муаррифии шоистаи кишварамон ба сокинони мамлакати иқомат ва ҳамин тартиб саҳмгузорӣ ба густариши дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан муфид нек арзёбӣ намуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори боварӣ кард, ки ҳамватанони муқими Ҷопон – устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии илмӣ ва тадқиқотӣ пас аз забономӯзию такмили ихтисос ва таҷрибаи касбӣ дар риштаҳои фанновариҳои технологӣ, кибернетикӣ, иттилоотӣ, менеҷерӣ ва дигар соҳаҳои марбута ба Ватан баргашта, дар пешравии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.
Иштирокдорони вохӯрӣ бинобар таҷрибаи андӯхтаи худ бо пешниҳодоти муҳим дар мавриди таҳкими соҳаҳои алоҳидаи робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Ҷопон, масъалаҳои фаъолияти ҳамватанон ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик ибрози андеша карданд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва суҳбати озоду самимӣ сурат пазируфт, Убайдуллоев ба суолу дархостҳои ҳамватанони муқими Ҷопон посух гуфт.
Ёдбуди қурбониён
Раиси Маҷлиси миллӣ 24-уми октябр ба нишони поси хотири қурбониён дар «Боғи ёдбуди сулҳи Ҳирошима» гулчанбар гузошта, аз Осорхонаи ёдгории сулҳи Ҳирошима ҷиҳати шиносоӣ бо нигораҳо ва муҷассамаҳои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷеаи соли 1945 боздид кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста