Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Маскав рафт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҷумҳурӣ хабар доданд, аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон барои соли 2020 имзо мешавад.

Дар иттилои нашршудаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ин робита таъкид мешавад, ки Тоҷикистон шарики стратегӣ ва иттифоқчии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни музокирот ба масоили пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии онҳо дар ҷаҳорчӯби ИДМ, СААД ва СҲШ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

“Ҳиссаи кишвари мо дар муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бузургтарин (беш аз 1 млрд доллар – ҳудуди 25%) аст. Ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими андӯхтаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 млрд доллар – 17,2% аз тамоми маблағҳои сармоягузории хориҷиро ташкил медиҳад”, - қайд мешавад дар маълумот.

Дар маълумоти ВКХ бобати манфиатдор будани Русия ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз Тоҷикистон, бахусус, сабзавоту меваи тару тоза ва такмили зерсохтору мутобиқати қонунгузорӣ дар ин самт, рушди равобити иқтисодӣ байни минтақаҳои ду кишвар, густариши ҳамкориҳои низомӣ, тадбирҳо оид ба беҳбуди шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави ин кишвар сухан меравад.

“Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба сифати “садди” боэътимод дар роҳи пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва қочоқи маводи нашъаовар хизмат карда, омили муҳими таъмини субот ва амният дар минтақа мебошад, ки ба манфиатҳои ҳамаи кишварҳои иттифоқчии узви СААД ҷавобгӯ мебошад”, - қайд шудааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки айни замон дар Русия зиёда аз 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ғайр аз ин, беш аз 7 ҳазор тоҷикистонӣ дар филиалҳои макотиби олии Русия таълим мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.