Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми апрел бо фармонҳои худ сафирони кишварро дар Индонезия, Исроил ва Фаластин таъин кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳар се нафари таъиншуда ҳамзамон ин вазифаҳоро иҷро мекунанд.

Аз ҷумла, сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия таъин карда шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон дар Давлати Исроилро низ ба уҳда мегирад.

Ба дӯши сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён ҳамзамон иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон дар Давлати Фаластин вогузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.