Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки бо Кореяи Ҷанубӣ дар бораи масъалаҳои вобаста ба таъқиботи ҷиноятӣ як қатор қарордодҳо ба имзо  расонад.

Аз ҷумла, имзои шартномаи дуҷониба дар бораи истирдод, интиқоли маҳкумшудагон, ҳамчунин шартнома дар бораи кумаки мутақобилаи ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар назар аст.

Дар қарори 30-юми марти соли равон қабулкардаи ҳукумат вобаста ба ин масъала ба вазорату идораҳои марбута дастур дода шудааст, лоиҳаҳои шартномаҳоеро, ки имзояшон пешбинӣ гардидааст, мувофиқа ва тасдиқ кунанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон вазифадор шудааст, ки зимни зарурат ба матни ин шартномаҳо тағйироту иловаҳо ворид намояд, ки хусусияти усулӣ надоранд.

Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода шудааст, ки бо тартиби муқарраршуда бо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ сана ва ҷойи имзои шартномаҳоро мувофиқа созад.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 1992 роҳандозӣ шуда, моҳи июни соли 2008 дар шаҳри Душанбе сафорати ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.