Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 12 июн дар вохӯрии вазирони “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ”, ки тариқи конфронси робитаи видеоӣ баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон хабар дод, зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба таҳкими муколамаи “Осиёи Марказӣ (ОМ) - Иттиҳоди Аврупо” дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар шароити пандемия баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр шуд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ба тадбирҳои амалие, ки ҷонибҳо дар самти муқовимат бо паҳншавии сирояти коронавирус роҳандозӣ кардаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.