Вазири мудофиаи Ҳиндустон Раҷнат Сингх ва вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистонро дар соҳаи мудофиаи баррасӣ карданд. Сингх дар Твиттер аксҳо аз вохӯриро нашр карда, вохӯриро “хеле пурмаҳсул” арзёбӣ намудааст, хабар медиҳад сафорати Ҳиндустон дар Душанбе.

“Дар Маскав бо вазири мудофиаи Тоҷикистон вохӯрии хеле пурмаҳсул доир гардид. Гуфтушуниди мо маҷмӯи васеи муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистонро дар соҳаи мудофиа фаро гирифт”, - навиштааст Раҷанат Сингх рӯзи 5 сентябри соли 2020 дар саҳифаи худ дар Твиттер.

Сурат: сафорати Ҳиндустон дар ҶТ

Ҳиндустону Тоҷикистон аз оғоз муносибати дӯстона дошта, ба ҷуз ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангии қавӣ, инчунин муносибатҳои стратегӣ ва ҳарбӣ доранд.

Аввалин пойгоҳи низомии хориҷии Ҳиндустон дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор сохта шуд.

Барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Ҳиндустон дар Академияи миллии мудофиа, Деҳрадун ва дигар пойгоҳҳои таълимӣ 35 курсантҳои ҳарбӣ ва 67 афсарони ҷавон тайёр кардааст. Ҳиндустон дар Тоҷикистон инчунин госпитали ҳарбӣ боз намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.