Ҳасан Қарибӣ, раиси пешини Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсии тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломи Эрон дар Душанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории “Китоб”-и Эрон гуфтааст, ки ҳарчанд Тоҷикистон ё Мовароуннаҳр хостгоҳи забони форсӣ аст,  аммо миёни ин ду кишвар ҳамкориҳо дар ҳавзаи забону адаб пойдор нестанд. Аммо Қарибӣ аз ин далелҳои ғайрифарҳангӣ мушаххасан ном набурдааст.

Ба назари Қарибӣ ҳарчанд “онҳо (тоҷикҳо) соҳиби ин забон ҳастанд”, вале ба таври пойдор барқарор нашудани ҳамкориҳо далоили ғайрифарҳангии зиёде дорад.  Ба гуфтаи Қарибӣ алорағми ихтилофи хат, устодони забону адаби  Тоҷикистон ғолибан бо хатти форсӣ ошно ва то ҳадде аз дастовардҳои фарҳангӣ бохабаранд.

Ин мақоми пешини эронӣ гуфтааст, ки бархе аз осори илмиву пажӯҳишии Эрон дар Тоҷикистон ба кирилӣ баргардон шудаанд "ва то ҷойе, ки медонам оқои Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бархе аз умур, аз ҷумла баргардон кардани фарҳангҳои форсиро шахсан пайгирӣ мекунанд".

Аз сӯйи дигар Ҳасан Қарибӣ аз он шиква кардааст, ки дар Эрон иттилооти чандоне аз манобеи тоҷикӣ надоранд ва корҳои бисёр маҳдуд баргардону нашр шудааст. “То ҳамин чанд сол пеш ба ҷуз "Ёддоштҳо"-и марҳум Садруддин Айнӣ, поягузори адабиёти навини Тоҷикистон, асари чашмгири дигаре дар Эрон мунташир нашуда буд. То ҷое, ки медонам дар давраҳое, ки равобити сиёсӣ дӯстонатар буд мавзӯъи эъзоми устодони забону  адабиёт форсӣ ба Тоҷикистон низ дар дастури кор қарор дошт, ки ба мурур аз равнақ афтод. Ҳамчунин эъзоми донишҷӯёни тоҷик ба Эрон дар риштаҳои мухталиф, раванди доимии ҳарсола буд”. Раиси пешини Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсии тоҷикӣ изҳории таассуф кардааст, ки то чанде пештар наздик ба чаҳор ҳазор донишҷӯйи эронӣ дар Донишгоҳҳои Тоҷикистон дар риштаҳои мухталиф таҳсил мекарданд, ки “ин низ ба бойгонии таърих пайваст”.

Қарибӣ яке аз монеаҳои асосӣ дар амри ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эронро ихтилофи хат номидааст ва гуфтааст, ки “чун девори азиме пеши рӯйи ҳар ду кишвар истодааст”.

Қарибӣ талошҳои анҷомшуда аз сӯйи Эрон дар ин ҳавзаро нококфӣ хонда ва гуфтааст, ки  "ман муътақидам имконоти мавҷуд ва навъи равобити сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо Эрон метавонист маҳсули бисёр пурбортар аз ончи имрӯз мебинам ба даст медод, аммо чунонки ибтидо арз кардам мо ҳама чизро мустақил ва ғайрҷомеъ мебинем ва сипас шоҳиди таъсири ҳавзаи иқтисод бар фарҳанг ё таъсири сиёсат бар иқтисод ва шояд аз даст рафтани ҳама чиз мешавем".

Қарибӣ дар ин гуфтугӯ аз истиқболи шеъру адаб дар Тоҷикистон ситойиш карда, гуфтааст, ки “Тоҷикистон кишвари шеъру адаб аст. Вуҷуди зодгоҳи устод Рӯдакӣ бо лақаби одамушшуароъ дар Тоҷикистон ин кишварро аз дигар кишварҳои форсизабон мутамоиз (фарқкунанда) кардааст. Мизони мухотиб барои шоирону нависандагон ҳамчунон чашмгир аст”.

Ҳасан Қарибӣ гуфтааст, ки  дар ин авохир рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои форсзабон саҳми чашмгире дар ҳавзаи таҳаввулоти забон дар Тоҷикистон гузоштаанд. "Гоҳ аз як хонанда ё як шабакаи телевизиони форсизабон корҳое бар меояд, ки аз як академия бар намеояд". Қарибӣ ҳамчунин гуфтааст манзураш  аз интиқодҳое, ки доштааст талхӣ ва ноумедӣ нест, балки ғаразаш ин аст: «эй, ки дастт мерасад коре бкун».

Ҳасан Қарибӣ шоир ва пажуҳишгари варзидаи эронӣ аст, ки то соли 2019 бештар аз 5 сол раиси Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсии тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон буд.

Ҳарчанд Эрон нахустин кишварест, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст, аммо равобити Эрону Тоҷикистон дар соли 2015, баъди мамнуъ ва террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар кишвар ва ба як маросими бахшида ба наздикшавии мазҳабҳо даъват шудани Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва дар паҳлӯи ҳайати расмии Тоҷикистон ҷой гирифтани ӯ, ба сарди гаройид. Эрон то ин муддат яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ном бурда мешуд ва тарҳҳои бузурги иқтисоде, аз ҷумла бунёди нақби “Анзоб”, неругоҳи барқи оби “Сангтӯда-2” –ро дар Тоҷикистон пиёда кард.