Ҳаводиси баъди интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон, ки ба ғасби бинои ҳукумат ва порлумон аз сӯйи эътирозгарон ва ташкили Шӯрои Ҳамоҳангсоз кашид, вазъи сиёсӣ дар ин кишварро буҳронӣ кард. Ҳанӯз маълум нест, ки раисҷумҳури ин кишвар дар куҷо қарор дорад. Ҳарчанд расман натиҷаҳои интихоботи 4-уми октябр бекор карда шуд, вале ба куҷо кашидани ҳаводис маълум нест.

Бархе коршинсон тахмин мезананд, ки ҳаводиси батакрори ин кишвар шояд ба кишварҳои ҳамсоя ҳам таъсир гузорад. "Азия-плюс" аз сиёсатмадорон ва таҳлилгарони тоҷик пурсид, ки ин ҳаводис ба куҷо мерасанд ва чӣ таъсире ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон мегузоранд?

Саъидҷафар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

Ин ҳаводис чанд бор аст, ки такрор мешавад. Боз интихобот аз сари нав мешавад, боз президент нав мешавад. Ин ҳаводис давом кардан мегирад. Ин рӯйдодҳо нишон медиҳад, ки модели демократияе, ки ин кишвар қабул кардааст, ба менталитети мардуми Осиёи Марказӣ чандон мувофиқ нест. Ҳукумати пардумонӣ натиҷаҳои хуб надода истодааст. Ин ҳодисаҳо охир надоранд, зеро ба менталитети мардум мутобиқат намекунад.

Албатта, ба вазъ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Ин бе таъсир намемонад, зеро мардум инро мебинад ва намуна мегирад. Имкон дорад, ки дар кишварҳои ҳамсоя аз ин ҳаводис тақлид кунанд. Дар Тоҷикистон гур=ҳҳое ҳаст, ки мегӯянд “ана бинед мешудааст”. Метавонанд ин гурӯҳҳо таҳрик диҳанд, зархарид ҷалб кунанд. 

Ин ҳаводис бе таъсир намемонад. Хусусан Қирғизистон, ки кишвари ҳамсояи мост, мусулмоннишин аст ва мардум ментатлитети монанд доранд. Ба ҷуз таъсири назариявӣ, эҳтимол дорад, ки таъсири амалӣ низ гузорад. Зеро ҷомеае нест, ки бе камбудӣ бошад ва рақибони сиёёсӣ аз ин гуна ҳолатҳо истифода мекунанд.

Шодӣ Шабдолов, раиси пешини Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Бо роҳи ошӯб дар солҳи ахир дар Қирғизистон чаҳор раисҷумҳур барканор карда шуд, вале кор ба ҷанги шаҳрвандӣ накашид. Ба ин далел, фаъолмандии сиёсии шаҳрвандони ин кишвар ҳифз мешавад. Вале ошӯбҳои доимӣ ба ҳеч натиҷаи матлуб намеоваранд, агар ба онҳо вазъи кишвар писанд нест, бигзор қонунҳоро тағйир диҳанд, пеш аз ҳама Қонуни Асосиро.

Шодӣ Шабдолов
Акс: Asia-Plus

Ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва хотираи талх аз он намегузорад, ки ҳаводиси рухдода баъди интихоботи порлумонӣ дар кишвари ҳамсоя, дар мо рух бидиҳанд. Аммо маро дар маъракаи пешазинтихоботӣ мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳайрат андохтааст.  Ман ягон интиқоди ҳукуматро нашунидам, дар ҳоле, ки дар тамоми бахшҳо мушкилот зиёд аст. Интиқод ба он маъно нест, ки шумо ватандӯст нестед, балки маънои онро дорад, ки ту мухолифи сиёсати ҳукуматӣ.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Ин ҳаводис то куҷо мерасанд пешгӯйӣ кардан наметавонам, аммо оқибати ҳамаи ин нооромиҳо боз оромиву сулҳ аст.

Вақте дар хонаи ҳамсоя сӯхтор шавад, ташвиш дар хонаи мо низ ҳаст. Мо низ аз нооромиҳо дар ташвиш ҳастем, чун бо Қирғизистон ҳамсоя ҳастем. Зудтар оромӣ шавад, то ба вазъи иқтисодии кишварҳои ҳамсоя таъсир нагузорад. Ҳодисаҳои ахир  метавонанд ба масоили иқтисодӣ каме таъсири худро гузорад, чун баъди ин нооромиҳо вазъият дар марз низ сахтар мешавад.

Вале ҳаводисе, ки баъди интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон ба вуқуъ пайваст, наметавонад рӯйи масъалаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон таъсир гузорад. Ин нооромиҳое, ки дар Қиғизистон мешавад, фикр накунам, ки амали хуб аст. Дар як рӯз гирифтани порлумон ва дигар намудани сиёсати давлат ба нафъи аҳолии ин кишвар нест.

Алӣ Ализод, блогнавис ва шореҳи сиёсӣ

Ба ин ки дар Қирғизистон мушкилоти сиёсӣ, буҳронҳо, бештар бо роҳҳои хушунатомез ҳал карда мешаванд, мо одат кардаем. Дар ҷаҳони муосир кишвареро ёфтан душкор аст, ки мисли Қирғизистон борҳо эътирозҳои хиёбонӣ таъсири ҳалкунандае ба рушди иҷтимоиву сиёии кишвар гузошта бошанд.  Хушбахтона, дар бештари маврид ин гуна эътирозҳо ба таври осоишта, бидуни қурбонӣ ба поён мерасанд.

Алӣ Ализод

Аз назар ман, шӯришҳои сиёсии дохили қирғизистон таъсири хеле кам (агар таъсире ҳам дошта бошанд) ба вазъияи сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя мегузоранд.  Танҳо чизе, ки метавонам ба он ишора кунам, ин аст, ки дар авҷи шӯришҳои сиёсӣ ҳеч иқдомоти ғайриқонунӣ ё иғвобарангезе  дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат намегирад. Ба ин тартиб, ошӯбҳои сиёсии таҳрикомез дар Қирғизистон, умдатан, хосияти дохилӣ доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.