Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо як фармони Президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Дар фармони раисҷумҳур гуфта мешавад, ки "Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад".
Дар баробари раиси Бонки миллӣ муовинон ва бархе раҳбарони бонкҳои дигар низ барканору таъин шудаанд.
Дафтари матбуоти Президент дар шарҳи ин тағйирот гуфтааст, ки "имрӯз ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон, корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва сохторҳои дигар таъин гардида, аксарият кадрҳои ҷавону болаёқат буда, дар баробари таҷрибаи корӣ, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва малакаи роҳбарӣ, донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд".
Ба ҷойи Нурмуҳаммадзода Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки то ин вақт муовини раиси Бонки миллӣ буд таъин шудааст. Ҳамчунин Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ озод шудаааст.
Қудратзода Давлат низ аз вазифаи раиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин шудааст.
Ба вазифаи раиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода таъин шудааст, ки то ин вақт раиси ин ниҳод буд.
Ҳайдар Одиназода аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба далели расидан ба синни бознишастагӣ озод шудааст.
Қурбонзода Маҳмадалӣ ба ҷойи Ҳамидуллохон Фақеров ректори Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон шудааст. Қурбонзода то ин вақт директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе буд. Далели барканории Ҳамидуллохон Фақеров ҳам гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.
Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Ғарибшозода Азизшо Қиматшо муовини якум ва Муҳиддинзода Шуҳрат Фаридун муовини раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъин гардиданд.
Нусратулло Мусозода муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста