Президенти тозаинтихоби Эрон Саид Иброҳим Раисӣ, ки маросими савгандёдкуниаш нимаи дуюми имрӯз дар Теҳрон доир мегардад, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Теҳрон Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози сӯҳбат салому эҳтиромот ва орзуҳои неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Сайид Иброҳим Раисӣ расонидааст.

“Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо рушд ёфта, инчунин таъкид намуд, ки  густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”, - хабар дод котиби матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Зкирзода зикр кардааст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.

Зикр шудааст, ки то ба имрӯз байни кишварҳо беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расидааст. 

“Албатта, умед дорем, ки ташрифи мазкур ба Ҷумҳурии  Исломии Эрон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам биоварад”, - иброз доштааст Зокирзода.

Дар доираи сафар ба Эрон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз ҳамчунин бо раиси парлумони ин кишвар Муҳаммад Боқир Қолибоф дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот масоили таҳкими робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.