Имрӯз, 18 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими хос ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст. Дар ин бора, Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки ин қадрдонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, супорида шуд.
Ҳарчанд дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳур ному насаби ҷоизабурдаҳо оварда нашудааст, аммо аз аксҳое, ки ин ниҳод нашр кардааст, дида мешавад, ки дар миёни ҷоизабурдаҳо раисони се вилояти Тоҷикистон, бархе мансабдорони ҳозиру собиқи кишвар, вакилони порлумон, сафирону дипломатҳо ва омӯзгорону олимони ҷавон ва дигар чеҳраҳои фарҳангӣ, ниҳз ҳастанд.
Ба навиштаи Хадамоти матбуот, беш аз 120 корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ унвон дода шуд. Аз ҷумла, 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин, 12 нафар барандани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 гардида, бори аввал, ба 15 нафар омӯзгори беҳтарин ҷоизаи олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон худро аз онҳо эмин нигоҳ дошт?
Душанбе чӣ гуна Соли навро истиқбол мегирад?
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба чоп расид
Аз ҳоҷиталбону тӯйи арӯсӣ то мошинронӣ дар ҳолати мастӣ. Соли оянда ҷаримаи кадом қонуншиканиҳо чӣ қадар зиёд мешаванд?
Нахустин вохӯрии гурӯҳҳои типографии Тоҷикистону Қирғизистон баъди пурра муайян кардани хатти марзи ду кишвар
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста