Дар Теҳрон рӯзи 27 август вохӯрии дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар формати 6+1 бо иштироки Русия доир гардид.
Зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки вазъи кунунии Афғонистон аз ҳамсоягони наздиктарин тақозо мекунад, ки барои барқарории сулҳу субот дар ин кишвар бештар саъйу талош кунанд.
Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ақидаи Муҳриддин, вазъи душвор дар Афғонистон ахиран натанҳо барои мардуми афғон мушкил эҷод кардааст, балки ба яке аз мушкили шадиди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳама гуна шаклҳои қонуншиканӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки дар ин рӯзҳои душвор барои Афғонистон, ки тамоми мардуми он дар остонаи фалокати башардӯстона қарор доранд, Тоҷикистон бетафовут буда наметавонад.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарории сулҳу субот дар Афғонистон буд ва ба ин мавқеъ содиқ боқӣ мемонад.
Аз вазъ дар вилояти Панҷшер, инчунин мавҷуд набудани асосҳои демократӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ шуд.
Тавре зикр гардид, Тоҷикистон ҳамеша танҳо аз ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми нерӯҳои иҷтимоӣ ва этникиву сиёсии кишвар ҷонибдорӣ мекунад.
Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ бо роҳи музокирот ҳарчи зудтар чораҳои фаврӣ андешида шавад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста