Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба ифтихори таҷлили Рӯзи милиса рутбаи генерал-майори корҳои дохилиро соҳиб шуд. Дар баробари Мирзомуродзода, ҳамчунин ду нафари дигар ҳам рутбаи генералӣ дарёфт карданд.
Мирзомуродзода аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият дорад.
Ӯ 52 сол дошта, дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият дорад.
Генерал Мирзомуродзода фаъолияташро аз нозири БДА дар собиқ вилояти Кӯлоб оғоз карда, баъдан дар мақомҳои сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” гуфт, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд карда шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, "дар ин муддат беш аз 750 корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 3000 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷумла, имрӯз дар рӯзи иди касбӣ боз 40 нафар корманди милитсия дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд. Ҳоло дар пойтахти мамлакат сохтмони боз як бинои истиқоматии бисёрошёна барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома дорад".
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар даврони истиқлол 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 670 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста