Дар Конфронси дуюми вазирони “Италия - Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 рӯзи 8 декабр дар Тошканд вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки таҳримҳо нисбати Афғонистон бекор ва дороиҳои бандшудаи ин кишвар дар бонкҳои байнулмилалӣ раҳо карда шаванд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки мардуми Афғонистон дар ҳолати ниҳоят душвор қарор дошта, вазъияти башардӯстона дар кишвар ба фалокат наздик аст.
“Мо метавонем ба халқи афғон пурсамар ёрӣ расонем. Барои пешгирии фалокати башардӯстона ба Афғонистон долони башардӯстона боз кардан лозим аст. Ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки барои лағви таҳримҳо, озод кардани дороиҳои байналмилалии Афғонистон ва мусоидат ба барқарорсозии низоми бонкии ин кишвар чораҳо андешида шаванд”, - иброз доштааст Комилов.
Ӯ таъкид доштааст, ки "Ӯзбекистон ва Афғонистонро риштаҳои дӯстии чандинасра, таърихи муштарак, дин, урфу одат ва анъанаҳо мепайвандад".
«Дар ин кишвар ҳукумат нав шуд, ҳукумати муваққатӣ таҳти сарварии ҳаракати “Толибон”, ки мехоҳад аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шавад. Мо чунин мешуморем, ки дар воқеиятҳои кунунӣ бо мақомоти нави Афғонистон муколамаи созанда лозим аст. Аз ин рӯ, Ӯзбекистон аз аввалинҳо шуда таъсиси ҳукумати муваққатии Афғонистонро бо умеди фаъолияти муваффақонаи он ба нафъи ҷомеаи сермиллати Афғонистон истиқбол кард”, - гуфтааст Комилов.
Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки масъалаи калидӣ таҳияи стратегияи баъдиҷангии Афғонистон мебошад.
“Ҷалби бештари Афғонистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бояд афзалият боқӣ монад. Дар баробари ин, умедвор ва интизорем, ки хукуматдорони нави Афғонистон ваъда ва уҳдадорихои байналмилалии худро иҷро мекунанд”.
Баъди Кобулро зери назорат гирифтани толибон, бонкҳои ғарбӣ бо дастури Амрико дороиҳои хориҷии Афғонистонро баста, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузории лоиҳаҳоро мутаваққиф карданд.
Тибқи маълумоти хабаргузории РИА Новости, он замон дороиҳои Бонки давлатии Афғонистон 9 млрд доллар бо асъори хориҷиро ташкил дода, зиёда аз 7 млрд доллар дар бонкҳои ИМА маҳфуз буданд.
Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард.
Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, дар баробари вазъи мушкили Афғонистон, дар конфронс инчунин масоили вобаста ба хатару чолишҳои замони муассир, мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти иқтисодӣ ва тандурустӣ, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни Италия ва Осиёи Марказӣ матраҳ шуданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста