Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов масъалаи баробарарзишӣ (нострификатсия) - и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистонро дар ин кишвари ҳамсоя муҳокима кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Баррасии баробарарзишӣ (нострификатсия) -и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Девони вазирони Ӯзбекистон рӯйхати 1000 донишгоҳи хориҷиеро нашр кардааст, ки дипломашон дар Ӯзбекистон бидуни баробарарзишӣ ё (нострификатсия) эътироф карда мешавад. Дар ин рӯйхат ҳеҷ донишгоҳи Тоҷикистон роҳ наёфта буд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, бо вазири таҳсилоти олии Ӯзбекистон ҳамчунин, масоили дигари рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳо ва филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва филиалҳо ва факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ро низ баррасӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки тобистони соли 2020 низ Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистон ба сифати таълиму таҳсил дар баъзе донишгоҳҳои Қирғизистону Тоҷикистон баҳои паст дода, гуфта буданд, ки 16 донишгоҳи ин ду кишвар ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон ҷавобгў нестанд.
Муаллифони санад ба ҳамватанони худ тавсия дода буданд, ки дар кишварҳое маълумот гиранд, ки дар раддабандиҳои бонуфузи сифати таҳсил мавқеъҳоишоиста доранд.
Баъди ин изҳорот, донишҷӯёни зиёди ӯзбекистонӣ, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳсил мекарданд, гурӯҳ- гурӯҳ ба Ӯзбекистон баргаштанд то таҳсилро дар кишвари худ идома диҳанд.
Дар гузориши ин ниҳод таъкид мешуд, ки мактабҳои олии Тоҷикистон ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил намешаванд.
Он замон вазири вақти маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода гуфтаҳои бозрасии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистонро як таҳқиқоти бесалоҳият ва нохолисона арзёбӣ карда, гуфта буд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бадтар нестанд.
Имомзода афзуда буд, ки ҳисобот “рақобати носолим” аст, то ки донишҷўён аз Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон барои таҳсил наоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон тибқи фармони раисҷумҳур аз 1 марти соли 2019 тартиби нави эътироф ва баробарарзишӣ (нострификасия) - и ҳуҷҷатҳои дар хориҷи кишвар додашуда ҷорӣ карда шуд.
Тибқи фармон дипломе, дар ин кишвар эътироф мешавад, ки он донишгоҳ ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил мешаванд. Дар ин сурат онҳое, ки дар Тоҷикистон таҳсил карданд, бояд дар ин кишвар дипломашонро барои баробарарзишӣ пешниҳод кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста