Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хост, ки ба қазияи рӯзноманигор ва блогнависи мустақил расидагӣ кунад.
Дар ин муроҷиатнома, ки дар саҳфаи фейсбукии раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода нашр шудааст, дархост мешавад, ки омилони қазияи лату кӯби Далери Имомалӣ дар мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ошкор ва муҷозот шаванд.
Дар муроҷиатномаи ҲДТ омадааст, ки мавзуи боздошт ва лату кӯби блогер ва хабарнигори тоҷик Далери Имомалӣ аз тарафи гурӯҳи номуайяни кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар миёни ҷомеа гуфтугӯ ва норизоии аҳли фарҳангро ба вуҷуд овардааст.
"Албатта чунин тарзи муносибат бо мардуми ҷомеа, бахусус хабарнигорон ва қаламкашон ҳар касеро нороҳат ва норизо гардонда метавонад",-омадааст дар ин муроҷиатнома.
Шӯрои сиёсии ҳизби демократ афзудааст: "То ҷое мо хабар дорем, Далери Имомалӣ ба унвони блогер бештар мавзуъҳои баҳсталаби иҷтимоию рӯзгори мардумро нашр мекунад ва дар навиштаҳои ӯ масъалаи ғаразхоҳӣ, ноором кардани ҷомеа ва ё таҳқиру надомати ҳукумат дида намешавад. Хабарнигор ҳамчун намояндаи қишри бедори ҷомеа рисолати хабаррасонии худро ба мақсади ислоҳи камбудиҳо пешниҳод кардааст, ки чунин амал дар ҳама давлатҳои пешрафта вуҷуд дорад".
Далери Имомалӣ хабарнигор ва блогнависи мустақил, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри видеоҳо аз мушкилоти мардум маъруф аст, рӯзи 4-уми июн ҳангоми таҳияи матлаб пас аз қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, аз сӯйи мақомоти интизомии ин ноҳия барои 5 соат бозпурсӣ шуда буд.
Баъдан хабарнигор бо нашри як видео иддао кард, ки аз сӯйи яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин ноҳия лату кӯб ҳам шуд. Ӯ зери фишори ин мақомот чанд видеои худро вобаста ба тахриби хонаҳои сокинон дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур аз шабакаи Ютуб пок кард.
Рӯзи 6-уми июн бархе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ низ аз қазияҳои ахир, аз ҷумла лату кӯбу фишору таъқиби Далери Имомалиро маҳкум карда, хостори риояи қонунгузории кишвар дар бахши расонаҳо аз сӯйи мақомоти давлатӣ шуданд.
ҲДТ кирдори мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансурро ба шиддат интиқод карда таъкид карда, ки муттаасифона як муттахасиси бесалоҳияти яке аз сохтори интизомии ин ноҳия даст ба чунин амали худсарона ва беадолатона задааст.
"Чунин рафторҳои нодуруст ва ғайриқонунӣ ё худ қонуншиканӣ аз тарафи намояндагони алоҳидаи сохторҳои ҳукуматӣ гоҳе рӯй медиҳанд, аммо на ҳамеша ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ ва ё муносибати қонунӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, воқеаи бо хабарнигор Далери Имомалӣ рӯйдода метавонад барои гурӯҳҳои моҷароҷӯ дастак шавад ва онҳо ба он ранги сиёсӣ дода, ҳадафҳои худашонро ба мардум намоиш бидиҳанд. Дар ҳар сурат, чунин амали нанговари намояндагони сохторҳои давлатӣ эътибори давлат ва ҷомеаи моро коҳиш медиҳад",- таъкид шудааст дар муроҷиат.
Дар поёни муроҷиат аз раиси Маҷлиси миллӣ хоста шудааст, ки барои пешгирӣ аз чунин рафтори нодурусти ходимони идораҳои давлат, ин амалро ошкор ва иҷрокунандагони онро муҷозот кунад, то дигар дар Тоҷикистон чунин амал ва рафтор аз тарафи намояндагони органҳои давлатӣ рух надиҳад.
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Ҷавоби Фиръавн"
Омодагӣ ба мавсими зимистон. Рустами Эмомалӣ ба зердастонаш боз чӣ супоришҳо дод?
Боздошти муовини роҳбари диаспораи тоҷикон дар Иркутск ба гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Gruner Stucky ба таҳияи заминаи техникиву иқтисодии НБО “Чарсем” дар ВМКБ оғоз мекунад
Оғози равуои аввалин маршруткаҳои барқӣ дар Душанбе
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста