Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 октябр ба унвони раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки ба муҳлати сеюм котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд, барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки дубора интихоб гардидани ӯ ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ обрӯву эътибори баланд ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани шоҳроҳе, ки таҳти роҳбарии хирадмандонааш ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар минбаъда, инчунин ба таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.

“Итминон дорам, ки қарорҳои ҳамоиши ҷашнии Ҳизби коммунистии Чин роҳнамои нави ҷомеа ба сӯйи пешрафти бомароми кишвари Шумо хоҳанд гардид”, - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки “бо талошҳои муштарак дар оянда низ ба тавсеаву таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуда, онҳоро бар манфиатҳои мардумонамон бо иқдомҳои нави ҳамкории созанда ғанӣ хоҳем гардонид”.

“Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ, сидқан саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули ҳизбиву давлатиатон дастовардҳои навин, ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоям»”, - зикр мешавад дар фарҷоми барқияи табрикӣ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 22 октябр дар Анҷумани ХХ Ҳизби коммунисти Чин раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин маротибаи сеюм пайдарпай котиби генералии ҳизб интихоб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.