Дирӯз, 2-юми март, Михаил Мишустин, сарвазири Русия ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Ин аввалин сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон пас аз сарвазири Русия баргузида шуданаш аст ва дар пасманзари вазъи номаълуми равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ, оғози ҷанг дар Украина ва суханронии эътирозомези раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба муносибати Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона ҷараён мегирад.
Дар назар аст, зимни ин сафар чандин санади ҳамкорӣ имзо шуда, сарвазири Русия дар конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия таҳти унвони “Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон” иштирок намояд.
Дар хусуси сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои муқаддамотии он сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён андешаҳояшро дар телеграм-канали худ бо номи "Андешакада" нигоштааст, ки пешниҳоди хонанда менамоем.
Дар бораи сафари Мишустин ба Тоҷикистон
Дирӯз сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон омад ва аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуду дидору гуфтушунидро анҷом доданд. Дар марҳилаи кунунӣ, бинобар вазъи номаълуми равандҳои ҷаҳонӣ ва эълон шудани таҳримҳои бесобиқа нисбат ба Русия, ин кишвар самтҳои ҳамкории худро бо шарикони анъанавии худ дар фазои пасошӯравӣ густариш доданӣ аст. Аз ин рӯ, аз сафари Михаил Мишстин ба Тоҷикистон ду ҷониб натиҷаҳои назаррасро мунтазир ҳастанд. Дар иртибот ба ин мавзуъ, нуктаҳои зеринро ишора мекунем:
Якум, сарвазири Русия роҳбару масъули блоки иқтисодӣ аст ва мувофиқи иттилои АМИТ “Ховар”, гардиши савдои муштараки ду кишвар дар соли 2022 ба $1,7 млрд расид, ки нишондиҳандаи беҳтарин дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аст. Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дақиқро эълон кард ва дар соли 2022 “гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, 1 миллиарду 674 миллион долларро ташкил дод”. Аз ин рӯ, имрӯз шароити мусоид барои густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба вуҷуд омада, нишондоди мазкур маҳз дар давраи сарвазирии Мишстин рӯи кор омад (гарчанде ба силсилаи омилҳои дигар вобаста аст).
Дуюм, дирӯз дар Душанбе конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия таҳти унвони “Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон” баргузор гардид ва сарвазирони Русия ва Тоҷикистон дар он суханронӣ намуданд. Дар конфронс мавзуҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: “Русия ва Тоҷикистон: ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва экология”, “Тамоюлҳо ва роҳҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нақлиёт ва логистика”, “Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф”, “Туризм: вазифаҳо ва дурнамо”. Аз рӯи зермавзуҳои конфронс метавон муайян намуд, ки барои ҳарду ҷониб кадом самтҳо афзалияти бештар доранд. Дар доираи ин конфронс миёни ширкатҳои Тоҷикистону Русия 20 созишнома ба имзо расидааст.
Сеюм, дар паҳнои пасошӯравӣ равандҳои қаблан тасаввурнопазир ҷараён доранд ва сабаби асосии онҳо оғози ҷанг миёни Русия ва Украина мебошад. Эълони таҳримоти бесобиқа нисбат ба Русия ин кишварро водор намуд, то ҳамкориҳои гуногунсоҳавиро бо шарикони анъанавии худ густариш диҳад. Маскав дар самти кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолнокии назаррас нишон медиҳад ва дар равобит бо Тоҷикистон баъди сафари Мишустин пешрафти амалие сурат мегирад ё хайр вақт нишон хоҳад дод.
Бояд зикр намуд, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Русия ва Тоҷикистон баъди солҳои 2000-ум лоиҳаҳои муштараки назаррас мушоҳида намешавад. Бунёди мактабҳои миёна дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия бештар барои Маскав, барои ҳифзи мақоми забони русӣ муҳим аст. Чун силсилаи иқдомҳоро дар паҳнои пасошӯравӣ барои ҳифзу густариши забони русӣ анҷом медиҳад. Ба ҳар сурат умедворӣ ин аст, ки сафари мазкур барои густариши сифатан нави муносибатҳои ду кишвар шароит фароҳам меорад ва мисли пештара сафари намоишӣ немешавад. Чун дар гузашта зиёд сафарҳои “туристӣ” ба назар мерасиданд ва дар онҳо суханҳои болобаланд садо медоданду амалан коре сурат намегирфт. Тоҷикистон ҳамеша ба густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо Русия манфиатдор буд ва нуктаи мазкур борҳо аз ҷониби роҳбарияти сиёсии мамлакат садо додааст.
Арзёбии манфиатҳои миллии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки барои Душанбе таҳким ва густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ бо Русия муҳим аст. Бо назардошти қудратгирии Толибон дар Афғонистон ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният мубрамияти хоса пайдо намуданд (гарчанде рӯйкарди Русия нисбат ба қудратгирии Толибон дар 18 моҳи охир зидду нақиз будааст). Тоҷикистон дорои тавонмандиҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин самт, бахусус бунёди нерӯгоҳҳои нави бузургу миёна барои ду ҷониб аз манфиат холӣ нест. Тоҷикистон инчунин дорои канданиҳои фоиданоки хусусияти гуногун мебошад ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин самт низ афзалиятнок мебошад.
Дар соҳаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ Русия барои Тоҷикистон шарики муҳим мебошад, чунки теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик дар мактабҳои олии он кишвар маълумоти олӣ мегиранд. Дар Тоҷикистон муассисаҳои олӣ ва миёнаи русӣ амал мекунанд ва Маскав дар фазои иттилоотии кишвар бо расонаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ (бо маблағгузории Маскав фаъолиятдошта)-и худ ҳузур дорад, ки матлабҳоро бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр мекунанд.
Барои Тоҷикистон масъалаи беҳтар гардидани вазъи будубош ва ҳифзу таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия муҳим мебошад. Бояд зикр намуд, ки нарративҳои манфӣ нисбат ба Русия дар фазои расонаии Тоҷикистон маҳз бо сабаби муносибати беадолатона нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ташаккул меёбанд. Расонаҳо, коршиносон ва шахсони мансабдори сатҳҳои мухталифи Русия дар ташаккули симои манфии тоҷикон ва Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ нақши муассир доранд. Ягон кишвар дар ҷаҳон нисбат ба шарики анъанавии худ дар фазои иттилоотияш чунин муносибатро раво намебинад. Аз ин рӯ, тақвият ва густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар марҳилаи кунунӣ бо ислоҳи нуктаи охирон оғоз намудан ба фоидаи кор аст.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста