Дирӯз, 22-юми март, дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизил-Бел”-и Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд бо иштироки роҳбарони вилоятҳо - Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек низ ширкат варзиданд.
Манбаъ менависад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини зиндагии орому осудаи мардуми наздимарзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марзро муҳокима намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш додаанд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд.
“Мардуми наздимарзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд”, - таъкид гардидааст дар мулоқот.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот итттилоъ дода шудааст, ки “бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст”.
Гуфта мешавад, дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин низ баррасӣ шудааст, аммо дақиқ нест, ки мушаххасан дар ин замина чӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳои навбатӣ Қирғизистон аз 21 майи соли 2021 якҷониба сарҳади худро бо Тоҷикистон баст
Охирин муноқишаи бузург миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта дар марзи миёни ҷонибҳо рух дод, ки дар он беш аз 100 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шуданд.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста