Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гурӯҳи тундрави Толибонро ҳампаймони Русия дар мубориза бар зидди терроризм гуфта, зикр намуд, ки пазируфтани ин гуруҳ ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз розигии кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла дар мавриди ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон вобаста аст. Ташкили ҳукумати ҳамашумул яке аз талабҳои асосии Тоҷикистон аз Толибон* аст.

Ин нуктаро Владимир Путин дар Остона, пойтахти Қазоқистон, ки мизбони ҷаласаи навбатии СҲШ буд, зимни суҳбат бо хабарнигорон зикр кард.

Ӯ гуфт, ба узвияти СҲШ пазируфтани Толибон танҳо аз Русия вобаста нест ва бояд розигии ҳамаи кишварҳои узви ин созмон гирифта шавад.

“Ин ҷо бо кишварҳои мухталифи узви СҲШ масоили ҳалталаб ҳаст, аз ҷумла дар мавриди фарогирии қудрат дар Афғонистон. Ман фикр мекунам, ки ин ҳама масъалаҳои ҳалшавандаанд ва мо бояд муносибатҳоро бо Афғонистон, бо низоми воқеии сиёсӣ, ки соҳиби қудрат дар ин кишваранд, ба роҳ монем”, - гуфт Путин.

Ӯ дар идома афзуд, “қудратро дар кишвар Толибон дар даст доранд, аз ин лиҳоз, барои мо дар мубориза зидди терроризм ҳампаймон ҳастанд”.

Бояд зикр кард, ташкили ҳукумати фаромиллӣ ва ҳамашумул, ки Путин ишора кард, яке аз талабҳои аслии Тоҷикистон дар қиболи Толибон аст. Роҳбарияти Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки дар Афғонистон бояд намояндагони ҳамаи қавмҳо ва гуруҳҳои сиёсӣ ба ҳаёти сиёсӣ идораи давлат ҷалб карда шаванд.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон миёни давлатҳои узви СҲШ ягона кишвар аст, ки бо Толибон робитаи мустақими сиёсӣ надорад.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи августи соли 2021 Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва аз он вақт инҷониб талош доранд, ки ба расмият шинохта шаванд. Аммо то ҳол ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.