Рӯзи 27 март дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ашқобод 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар кори нишаст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Гуфта мешавад, зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо батафсил баррасӣ карданд.

“Роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумла пешниҳодоти худро дар хусуси густариши баъдии робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, иттисоли нақлиётӣ, рақамикунонӣ, маорифу фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист манзур намуданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ба масоли тадорукот ба нахустин ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи ин чорабинӣ президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов вазиронро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҳошияи нишаст Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас барпо гардид, дидору гуфтушунид анҷом дода, аснои вохӯри мусоҳибон ба сатҳи феълии шарикии гуногунпаҳлӯ ва муассири Душанбе ва Брюссел баҳои баланд доданд.
Дар вохӯрӣ мавзӯоти зиёди мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкорӣ дар амри тавлиди нерӯи сабз, вусъати долонҳои устувори нақлиётӣ, пешбурди иттисоли рақамӣ, такмили соҳаҳои кишоварзӣ ва маориф, ҳамчунин масоили амниятӣ ва мусоидат дар таҳкими марзҳо баррасӣ гардиданд.

Шарикӣ дар бобати муқовимат ба чолишу таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи муштараки тарҳҳои мушаххас дар самти энергетика як бахши муҳимми муҳокимаҳои ин гуфтушунидро ташкил дод.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтушунид карда, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои кишварҳоо дар соҳаҳои мухталиф матраҳ шуд ва оид ба дидгоҳҳои тарафайн дар мавриди идомаи шарикии мутақобилан судманд табодули афкорсурат гирифт.

Вазирон рафти татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ дар солҳои охир бадастомада ва андешидани чораҳоро дар доираи шарикии стратегӣ матраҳ намуданд.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста