Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Пекин шуд. Ӯ дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ иштирок хоҳад кард.

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки интизор меравад, имрӯз Э.Раҳмон аз деҳаи олимпӣ боздид карда, бо варзишгарони тоҷик қабл аз оғози мусобиқот мулоқот хоҳад орост.

  Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои Олипии Пекин ӯ бо мақомоти расмии Чин як қатор мулоқот доир хоҳад намуд, ки дар онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Қобили ёдоварист, ки зимни боздиди расмии вазири корҳои хориҷии ЧинЯн Тсзечи аз Тоҷикистон номбурда пас аз мулоқот бо президенти ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки «мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ бесаброна интизорем».

Зикр гардид, ки дар Пекин Э.Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтао ва намояндагони як қатор ширкатҳои чиноӣ, аз ҷумла ширкати истихроҷи маъданҳои кӯҳии Ziling Mining , ки 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон»-ро соҳиб аст, мулоқот хоҳад орост.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин дар таърихи 9-уми август оғоз гардида, то 24-уми август идома меёбанд. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.

Дар рӯзи нахустини оғози бозиҳо боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.

Бад-ин тартиб, то имрӯз 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то 73 кг ), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то 81 кг ), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то 90 кг ), Виталий Корякин (гӯштии озод, то 60 кг ), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то 84 кг ), Шералӣ Достиев (бокс, то 48 кг ), Анвар Юнусов (бокс, то 51 кг ), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то 81 кг ), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод, 50 м ), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод, 50 м ), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ, 69 кг ) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд.