Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имр ӯ з дар Душанбе таҳти раёсати президенти ҷ умҳур ӣ Эмомал ӣ Раҳмон ҷ аласаи васеъи ҳукумат оғоз гардид, ки тайи ду рӯз дар он аз рушди иқтисодиву и ҷ тимоии кишвар дар соли 2008 нати ҷ агир ӣ хоҳад шуд.

            Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар кори ҷаласа кормандони масъули дастгоҳи президент, роҳбарони вазорат ва раёсату идораҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаву муассисоти бузурги кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ ширкат меварзанд.

            Интизор меравад, ки дар рӯзи аввали ҷаласа ҳисоботи роҳбарони тамоми соҳаҳо оид ба фаъолият дар давоми соли гузашта шунида шуда, дар рӯзи дуввум масъалаи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.