Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо дар мавриди таъини Абдураҳим Қаҳҳоров ба вазифаи вазири умури дохилии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки пеш аз ҳама, онро чун сари мансаб омадани мутахассиси соҳибтаҷрибаву салоҳиятнок мебояд баррасӣ намуд.
Сиёсатшинос гуфт, вазифаҳои аввалиндараҷаи вазири нав бояд аз ислоҳоти сохториву маънавӣ баҳри беҳбуди имиҷи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва барқарорсозии эътимоди ҷомеа ба онҳо иборат бошанд. «Таъин кардани А.Қаҳҳоров ба вазифаи вазири умури дохилӣ қадами воқеӣ ба таъмини ширкати воқеии минтақаҳо дар ҳокимияти воқеӣ аст ва он минбаъд пайомадҳои муҳим ва мусбати сиёсӣ ба бор хоҳад овард», - гуфт ӯ.
Ба қавли коршинос, агар сиёсати кадрӣ минбаъд ҳамин тавр ҷараён гирад, он ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва дарки бештари эҳсоси умумиллии мутааллиқ будан ба давлати умумимиллӣ мусоидат хоҳад кард. «Аз дидгоҳи афкори технологияи сиёсӣ ташаккули чунин эҳсос нишондиҳандаи муҳими равонӣ буда, он нақши воқеии амаливу сиёсиро дорост ва аз ин рӯ, ман ин қарори сарвари давлатро мусбат арзёбӣ менамоям», - афзуд А.Ҳ.Раҳнамо.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста