Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар нишасти Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср (рӯзҳои 15-16-уми июл) имрӯз озими шаҳри Маскав шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлати Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ба Маскав рафтааст.

            Бино ба иттилои манбаъ, сарвари давлатро дар ин сафар вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

            Ҳамчунин пагоҳ иштироки сарони кишварҳои узви ИДМ дар мусобиқоти пойгаи аспдавонӣ барои ҷоизаи президентиРрусия низ дар назар аст.