Дар сохтори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд, ки бештар ба ҷойивазкунии анъанавӣ монандӣ доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, собиқ сардори Раёсати ҷустуҷӯйи ҷиноии ВКД Нурулло Орифов ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд.
Сардори ситоди ВКД ҶТ Тоҳир Норматов аз ин вазифа озод гардида, ба мансаби сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалӣ таъин карда шуд. Собиқ роҳбари дастгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ Икром Умаров ба ин мансаб таъин гардид.
Ғайр аз ин, муовини вазири корҳои дохилӣ Анвар Тағоймуродов аз мансаб озод ва ба вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таъин карда шуд. Ба ҷойи ӯ собиқ сардори РКД-и шаҳри Душанбе Шералӣ Сабзов ба вазифаи муовини вазир таъин карда шуд.
Собиқ сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков ба мансаби сардори РКД-и шаҳри Душанбе таъин гардид.
Сардори Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ Мансур Бухориев сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат таъин гардид. Кӣ курсии ӯро соҳиб мешавад, ҳанӯз маълум нест.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста