Дар ҷаласаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум вакилони мардумӣ якдилона ду созишнома дар бораи дастрасии воситаҳои қарзӣ аз «Эксимбонк»-и Чин ва ҳукумати Фаронсаро тасдиқ намуданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масоил муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки мувофиқи Созишнома дар бораи қарзи имтиёзнок миёни ҳукумати ҶТ ва «Эксимбонк»-и Чин оид ба таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Қулма» дар қитъаи роҳи «Душанбе-Данғара» ҷониби Чин 50,5 млн. доллари ИМА ҷудо карда, ҳиссаи Тоҷикистон дар ин лоиҳа 2,7 млн. доллари ИМА аст.

«Қарзи имтиёзнок ба муддати 20 сол пешниҳод гардида, дар 9 соли аввал пардохти фоизҳо пешбинӣ нагардидааст ва сипас Тоҷикистон аз қарз 2%-и солона пардохт хоҳад кард», - гуфт муовини вазири молия.

Вакили палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Домуллоҷон Ҷабборов зикр кард, ки паймонкори лоиҳа – ширкати China Road аз пардохти тамоми навъҳои андоз дар Тоҷикистон озод карда мешавад.

Дар идома вакилони парлумон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба ин протокол аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ карданд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала узви Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талбаков изҳор кард, ки мувофиқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминал аз 7 млн. то 19 млн. евро афзуда, ҳиссаи Фаронса дар сатҳи пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. «Паймонкори аввал аз лоиҳа хориҷ шуда, баҳри амалисозии лоиҳа ширкати фаронсавии нав – «Винси» таъин гардид», - гуфт И.Талбаков.