Имрӯз намояндагони мардумӣ ба тасдиқи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» якдилона овоз доданд.

Зимни шарҳи қонуни мазкур яке аз муаллифони он, вакили парлумон Насрулло Маҳмудов қайд кард, ки дар Тоҷикистон барои зӯроварӣ дар оила ҷазои ҷиноӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст, вале қонунгузории кишвар ба ҳодисаҳои хушунат дар оила таваҷҷуҳ зоҳир намекард.

Бино ба иттилои вакил, тибқи маълумоти оморӣ соли 2011 дар Тоҷикистон ҳудуди 4,4 ҳазор ақди никоҳ бекор шуда, дар зарфи 11 моҳи соли равон ин нишондиҳанда ба 5,6 ҳазор адад расидааст.

«Бешубҳа, яке аз омилҳои ҷудошавии оилаҳо дар ҷомеаи мо мавҷуд будани ҳодисаҳои зӯроварӣ дар ин оилаҳо мебошад», - зикр кард ӯ.

Дар идома номбурда изҳор кард, ки соли ҷорӣ беш аз 32 ҳазор нафар шаҳрвандон ба 29 маркази буҳронии дар манотиқи кишвар фаъолиятдошта муроҷиат намуда, аз ин шумор 35%-ашон маҳз аз ҷой доштани хушунат дар оила шикоят овардаанд.

Намояндаи мардумӣ ҳамчунин зикр кард, ки дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз таҷрибаи Индонезия, Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова истифода шудааст. «Ҳимоят аз манфиатҳои оила аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии қонун ба шумор рафта, дар он ҳамчунин воситаҳои расонидани кӯмакҳои ҳуқуқиву тиббӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагон аз хушунат муайян карда шудаанд», - афзуд Н.Маҳмудов.

Бино ба маълумоти муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурулло Орифов, танҳо соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милиса 55 далели истифодаи зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст.

Вакили парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки қабули қонуни мазкур барои кишвар хеле муҳим аст, вале зимни баррасии масъалаи хушунат дар оила мебояд менталитет ва расму оини мардумро ба инобат гирифт. «Ба эътиқоди комили ман, барои ҷазои ночизе ба фарзанд набояд волидайн аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд», - гуфт ӯ.

Ш.Шабдолов таъкид кард, ки дар ин масъала набояд ҳамаи тавсияҳои «аз шарикони ғарбӣ ба Тоҷикистон воридшаванда» ба инобат гирифта шаванд.