Имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Зимни он ҳайатҳои нави мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқ карда шуд.

Сипас нақшаи кори Ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2013 тасдиқ шуда, ҳисоботи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишвар, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардидаанд, шунида шуд.

Тавре зикр гардид, тибқи ин супоришҳо Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 қабул гардида, маблағгузории соҳа 2 баробар афзун шуд. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур ва ҳамчунин бо ташаббуси вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони фаъоли кишвар дар ҷумҳурӣ бо харҷи беш аз 242 миллион сомонӣ назди 2400 иншооти варзишӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз ҷумла 21 иншоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 318 иншоот дар вилояти Суғд, 557 то дар вилояти Хатлон, 332 то дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 19 иншоот дар шаҳри Душанбе.

Дар натиҷа дар солҳои 2011 ва 2012 варзишгарони тоқик дар 131 мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, 641 медал, аз ҷумла 179 медали тилло, 188 нуқра ва 274 биринҷӣ ба даст оварданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оммавияти васеи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва пурзӯр намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни мардум, ба хусус ҷавонону наврасон як зумра дастуру супоришҳои иловагӣ дод. Таъкид гардид, ки барои рушди тамоми намудҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқи варзиш, хусусан варзиши сабук, тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардад ва ҷавонону наврасон ба ин кор ҳавасманд карда шаванд.

Дар ҷаласа ҳамчунин номгӯи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2013”, Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва Барномаи омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ барои солҳои 2013-2017 тасдиқ карда шуд.

Ба лоиҳаи қонунҳо ба як зумра санадҳои қонунгузории амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод гардид, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба ба қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба қонунҳо “Дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ”, “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Дар бораи иппотека” ва “Дар бораи милитсия” пешниҳод гардид.

Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини фаровонии маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза дар фасли зимистон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар рӯзҳои истиқболи соли нави мелодӣ ва омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2012 ва мушаххассозии нақшаҳо барои соли 2013 ва ҳамчунин омодагӣ ба таҷлили солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.