Ба аввали моҳи январи соли равон шумори мансабдорони давлатии Тоҷикистон беш аз 18,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ба ин шумор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён шомил нестанд.

Г.Қосимов зикр кард, ки аз шумори умумии хизматчиёни давлатӣ зиёда аз 11 ҳазор нафар дар мақомоти марказӣ ва тақрибан 7 ҳазор нафар дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд.

Ба қавли вай, соли гузашта музди меҳнати миёнаи мансабдори давлатии Тоҷикистон 802 сомонӣ (168 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 134 сомонӣ (76 $) зиёдтар аст.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали мансабдори давлатӣ 350 сомониро ташкил медиҳад. «Хизматчиёни давлатии дараҷаи олӣ 2 ҳазор сомонӣ маош гирифта, музди меҳнати онҳо вобаста ба собиқаи корӣ тасҳеҳ мешавад», - гуфт Қосимов.

Дар робита ба нишондиҳандаҳои музди меҳнати аъзои ҳукумат муовини Раёсати хизмати давлатӣ хомӯширо авло донист.