Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ лоиҳаи қонуни аз ҷониби як гурӯҳи вакилон та ҳ ияшуда «Дар бораи гаравхона» (ломбард) маъқул шуморида шуд.

Зимни изҳори назар оид ба ин масъала яке аз муаллифони лоиҳаи қонун Сафаралӣ Гулов зикр кард, ки ба андешаи аксари коршиносон, қабули қонуни мазкур бояд ба рушди тиҷорати хурду миёна ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

«Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи қонун таҷрибаи дар ин самт андӯхтаи Русия, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Белорус мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамчунин андешаҳои афроди ба ломбард машғул дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шуданд», - гуфт Гулов.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки айни замон дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ҳудуди 30 адад гаравхонаҳо амал мекунанд, ки аз ин ба баъд фаъолияти онҳо тибқи қонуни баррасишуда танзим хоҳад гардид.